Зан дар як шаб аз хонаи марди бегона ду яхдон дуздид

Вазортаи умури дохилаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки дар ноҳияи Фархор зане дастгир шудааст, ки аз хонаи марди 36-сола дар як шаб ду яхдон дуздидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи ноҳия Фархор зани 36-солаеро дастгир намуданд, ки барои дуздии ду яхдон аз хонаи истиқоматии як мард айбдор мешавад.

Вазорати умури дохила ба таҳқиқи қазияи латтукӯби зан аз ҷониби милиса шурӯъ кард

Манбаъ қайд намудааст, ки ахиран ба ШВКД дар ноҳияи Фархор марди 36-солаи сокини деҳаи Баҳористони ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 10-уми апрели соли равон, тахминан соати 23:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳӣ пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматиаш 2-адад яхдон, ки арзиши умумиашон се ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Кормандони милитсия зани 36-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Фархор бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.

Дар ҳоли ҳозир нисбати ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони милитсия тафтишот идома дорад.