Шаш подабон дар роҳи селоб мондаанд: офати маргбор дар ноҳияи Файзобод

Субҳи имрӯз дар ноҳияи Файзобод гуруҳи тақрибан шашнафарии подабонҳоро селоб бурдааст, ки дар натиҷа ду нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Тавре сокинони деҳаи Сайдонии ноҳияи Файзобод хабар доданд, аз ин гуруҳ 2 нафар ба ҳалокат расида, боқимонда наҷот ёфтаанд.

Обуҳавошиносон аз эҳтимоли сел ва боридани борони шадид дар Тоҷикистон ҳушдор доданд

“Онҳо хостаанд, чорвои худро аз дара гузаронанд, ки сел якбора меояд ва онҳоро мебарад”, - изҳор дошт мусоҳиби Sputnik аз ноҳияи Файзобод.

Манбаъ аз қурбониҳои сел Саид Бекзода, сокини миёнасол ва Саидҷаъфари наврас, хонандаи синфи 7-и мактаби миёна ном бурд. Ӯ афзуд, ки Саид талош кардааст, Саидҷаъфари наврасро аз селоб берун орад, аммо ҳардуяшон дар селоб дармондаанд.

“Феълан ҷасади Саид Бекзода пайдо карда шуда, кофтукоби ҷасади Саидҷаъфари наврас ҳанӯз идома дорад”, - иттилоъ дод мусоҳиб.

Мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон феълан дар бораи ин офати маргбор иттилое надодаанд.