ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ба вазифаи муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин гардид.
Инчунин бо амри Президенти Тоҷикистон Исмоилзода Хуршед Исмоил сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Файзуллозода Файзулло муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин гардиданд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд.
Тибқи қарори Ҳукумат, Вализода Икромиддин Сироҷиддин аз вазифаи муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд ва ба вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.