Пулро гирифту хонаро насохт: дар Душанбе қаллоб дастгир шуд

Кормандони милитсия пойтахт марди 49-солаеро дастгир намуданд, ки бо роҳи фиреб пулҳо зани 39-сола 141 ҳазор сомонӣ гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия шаҳри Душанбе марди 49-соларо бо гумони қаллоби дастгир намуданд.

ВКД дар Хуҷанд ҷинояти сол 2013-ро ошкор кард: зани қаллоб боздошт шуд

Тибқи иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 36-солаи сокини деҳаи Чортути-поёни ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 15-уми августи соли 2018 дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт, марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 141 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш дар ҳудуди маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҳавлии истиқоматӣ сохта медиҳад.

Номбурда қайд намудааст, ки мард пас аз гирифтани маблағ то ҳол ваъдаҳояшро иҷро накардааст. 

Кормандони милитсияи пойтахт аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома доранд.