ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба эътирози мардуми Тоҷикистон ба қарори Хадамоти зиддиинҳисории кишвар дар бораи боло бурдани арзиши истифодаи интернет ва тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ вокуниш нишон дод. Президент дастур дод, то ин қарор бекор карда шавад.
Шоми 23 апрел дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дод, ки "имрӯз бо дастури Эмомалӣ Раҳмон нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд".
Афзун бар ин, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯи карда шудааст.
Ёдрас мешавем, субҳи имрӯз, 23 апрел хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон сардори хадамоти зиддиинҳисорӣ Саъдӣ Қодирзодаро аз мақом барканор кард.
Пештар ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз тағйири нархи хадамоташон бо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории кишвар хабар доданд.
Ҳамин тавр, ширкати Tcell нархномаи нав бо муҳр ва имзои Саъдӣ Қодирзода, ҳамакнун раиси пешини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистонро пешниҳоди мизоҷон карда буд.
Бар асоси он, арзиши 1 мегабайт интернет бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 6,2 дирам, 1 гигабайт – 62 сомонӣ ва 10 гигабайт 620 сомонӣ муайян гардид.
Ширкати Мегафон низ дар паём ба муштариёнаш арзиши 1 гигабайтро 62 сомонӣ эълон кард. Мегафон Тоҷикистон дар сомонааш таъкид кард, ки бо дастури Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархҳо боло бардошта мешаванд.
Аммо эътирози сокинони Тоҷикистон ва вокуниши раисҷумҳури кишвар боиси ба ҳолати аввала баргардонидани нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ шуд.