Дар Қатар ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Давҳа муҳокима шуд

Ахиран дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа музокироти ҳайатҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, музокироти таҳти раҳбарии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва раиси Кумитаи авиатсияи граждании Давлати Қатар Абдулло Носир ал-Субейъӣ баргузор гардид.

Қатар барои Тоҷикистон халабонҳои баландихтисос омода мекунад

Манбаъ иттилоъ додааст, ки зимни музокирот Икром Субҳонзода ва Абдулло Носир ал-Субейъӣ ҷараёни татбиқи дастурҳои роҳбарони олии ду кишвар дар мавриди таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ ва дар ин росто иҷрои амалии Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба алоқаи ҳавоиро, ки зимни  сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қатар моҳи феврали соли 2017 ба имзо расид, баррасӣ намуданд.

Дар ин замина ҷонибҳо атрофи масъалаҳои тавсеаи ҳамкории судманди мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистону Қатар ва таҳияи барномаи ҳамкории техникӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Давҳа, истифода аз имкониятҳои фурудгоҳҳо ва марказҳои логистикии кишварҳои ҳамдигар бо мақсади рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ табодули назар карданд.

Музокироти ҳайатҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар то 23 апрели 2019 идома хоҳанд ёфт.

Ёдрас мешавем, ки қаблан дар шаҳри Давҳа вохӯрии Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Давлати Қатар Ҷосим бин Сайф ал-Сулайтӣ бо директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода баргузор гардид.

Икром Субҳонзода барои иҷрои дастури Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар рафт

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва нақши он дар таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва инчунин имкониятҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Ҷониби Қатар изҳор дошт, ки омода аст дар омӯзиш ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос  барои рушди соҳаи ҳавопаймоии мадании Тоҷикистон мусоидат намояд.