Занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар Екатеринбург

Шоми 19 апрели соли равон дар Екатеринбурги Русия занозании гурӯҳии муҳоҷирони меҳнати аз Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik.  Тавре хабаргузории Вести.Ру хабар додааст, занозании гурӯҳӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар қароргоҳи автобус дар кӯчаи Маневровойи Екатеренбург сурат гирифтааст.

Занозании гурӯҳӣ дар ноҳияи Синои Душанбе

Дар занозании мазкур даҳо нафар муҳоҷирони кории Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намудаанд.

Манбаъ қайд намудааст, ки то ҳол сабабҳои занозани миёни муҳоҷирони меҳнатии ду кишвар маълум нест.

Дар ҳамин ҳол манбаъ афзудааст, ки кормандони бехатарии қароргоҳи автобусҳои Екатеринбург ба занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷику қирғиз  хунукназарӣ намуда кормандони пулисро барои анҷом додани занозанӣ даъват накардаанд.

Хабаргузорӣ инчунин зикр намудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар бораи осебдидагон маълумоти дақиқ нест ва то ҳол маълум нест, ки сабаби занозанӣ миёни муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар чӣ будааст.