ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Рӯзи 21 апрел, дар шаҳри Давҳа –пойтахти Давлати Қатар музокироти ҳайатҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар оғоз гардид. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин музокирот таҳти раҳбарии директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва раиси Кумитаи авиатсияи граждании Қатар Абдулло Носир ал-Субейъӣ сурат пазируфтааст.
"Икром Субҳонзода ва Абдулло Носир ал-Субейъӣ рафти татбиқи дастурҳои роҳбарони олии ду кишвар дар мавриди таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ ва дар ин росто иҷрои амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоиро, ки дар рафти сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар моҳи феврали соли 2017 ба имзо расид, баррасӣ намуданд",-омадааст дар хабарнома.
Ба иттилои манбаъ, дар ин замина ҷонибҳо атрофи масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои судманди мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистону Қатар ва таҳияи барномаи ҳамкориҳои техникӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Давҳа, истифода аз имкониятҳои фурудгоҳҳо ва марказҳои логистикии кишварҳои ҳамдигар ба мақсади рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ табодули назар карданд.
Манбаъ афзуда, ки музокироти ҳайатҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар то 23 апрели 2019 идома хоҳад ёфт.