Шабнам Сурайё суруди "Аз панҷара.."-и Сӯҳроб Сафарзодро бозхонӣ кард

Шабнам Сурайё овозхони номии тоҷик суруди сарояндаи ҷавонмарг Сӯҳроб Сафарзод-"Аз пнҷара дорӣ нигоҳ"-ро бозхонӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Шабнам Сурайё суруди овозхони ҷавонмарг Сӯҳроб Сафарзодро бозхонӣ кардааст. Дар ин бора дар саҳифаи Instagram ва YouTube Шабнам хабар дода шудааст.

Суруди "Аз панҷара дорӣ нигоҳ", дар иҷрои Шабнам Сурайё чор рӯз пеш, рӯзи 17 апрел нашр шуда, то имрӯз дар Youtube онро беш аз 200 ҳазор кас гӯш кардааст.

Сӯҳроб Сафарзод сарояндаи ҷавонмарг солҳои 2003 рӯи саҳна омада буд. Ӯро "Муини тоҷик" ҳам мегуфтанд, чун аввал бо сакби ҳунарманди эронӣ-Муин суруд иҷро мекард.

Сӯҳроб Сафарзод бо таронаҳое чун «Шабҳо», «Дорӣ нигоҳ», «Ёди ту», «Панҷара», «Ту азизи диламӣ», ки бо маҳорати хос суруда шудаанд, дар миёни шунавандагон маҳбуб шуд.

Суруди  «Аз панҷара дорӣ нигоҳ» машҳуртарин суруди Сӯҳроби Сафарзод буд.

Сӯҳроби Сафарзод 10 декабри соли 2010 дар синни 30-солагӣ аз олам чашм пӯшид.