Бонуи аввали нави Украина кист?

Баъди муайян шудани натиҷаи интихоботи Президент дар Украина, назари ҷомеа бар он шуд, ки бонуи аввали ин кишвар кист, чикора аст ва чихел менамояд?
Sputnik

Баъди эълони натиҷаи интихобот ба курсии Президенти Украина, маълум шуд, ки Владимир Зеленский ғолиби ин чорабинӣ, тариқи раъйпурсӣ гардидааст. Чун анъана бо ба курсии президентӣ нишастани Владимир Зеленский  ҳамсари ӯ Елена Зеленский бонуи аввали Украина дониста мешавад.

То ҳол дар бораи Елена Зеленский чӣ маълумот мавҷуд аст – Sputnik Тоҷикистон пешкашӣ хонандагон мегардонад.

Елена Зеленский кист?

Елена Кияшко 16 феврали соли 1978 дар шаҳри Кривой Рог ба дунё омадааст.

Бо ҳамсари ояндааш дар як мактаб танҳо дар синфи дигар таҳсил мекардааст. Баъди хатми мактаб дӯстии онҳо ба муҳаббат табдил ёфта бо ҳам оила барпо кардаанд.

Елена баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи техникии Кривой Рог дохил шуда онро боихтисоси меъмор, бо дипломи аъло хатм кардааст. Аммо ӯ бо ин ихтисос кор накардааст.

Шинососи ва муносибат бо Владимир Зеленский 

Ҳангоме ки Владимир ва Елена дар як мактаб таҳсил мекарданд, ба якдигар на он қадар аҳамияти хосса медоданд. Баъди хатми мактаб Зеленский дар кӯча духтареро дид ва ба наздаш омада хост бо ӯ филм тамошо кунад, ин духтар Елена ва дар дасташ видеокассета будааст.

Дар ин ҳолат Елена бо дигар ҷавон муносибати ошиқона доштааст, аммо баъди ин воқеа ӯро партофта бо Зеленский муносибаштро оғоз кардааст.

Елена ва Владимир тули 8 сол тариқи никоҳи озод зиндагӣ кардаанд ва баъди ин ба таври расмӣ ақди никоҳ бастаанд.

“Лена ҳамеша мепурсид, ки кай мо тӯй мекунем. Ман бошам боварӣ доштам, ки агар ба таври расмӣ ақди никоҳ бандем дар ҳол таваллуди кӯдак оғоз мешавад, ки ман бо ин ҳаҷала надоштам”, - ёдовар мешавад Зеленский.  

Бонуи аввали нави Украина кист?

Ҳамин тавр Елена ва Владимир соли 2003 ба таври расмӣ зану шавҳар шуданд. Ҳоло онҳо ду фарзанд, духтарашон Александраи 14-сола ва писарашон Кирилли 6-соларо тарбия карда истодаанд.

Владимир ҳамсарашро дӯсти наздики худ медонад ва мегяд, ки бо ӯ дар бораи ҳама чиз суҳбат ва машварат мекунад. Ба гуфтаи онҳо, ҳатто шоми ошиқона барояшон дар шакли маҷлис мегузарад.

Владимир қоил аст, ки дар ҳали масъалаҳои муҳим бо машваратҳои ҳамсараш гӯш медиҳад. Истисно, танҳо пешниҳоди номаш ба раъйпурсӣ барои курсии президентии кишвар аст.

Елена Зеленский дар куҷо кор мекунад? 

Аз сабабе, ки Владимир дар ҷавонӣ бо бозӣ дар гуруҳи КВН банд будааст, Елена барои гуруҳи ӯ матни саҳначаро менавиштааст.

Елена як муддат Владимирро ҳангоми баромад дар КВН ҳамроҳӣ мекардааст, баъдан дар баромадҳо ёрӣ мерасондааст, ҳолло ҳаммуаллифи матнҳои “Студия Квартал-95” мебошад.

Ӯ дар бораи корҳои эҷодиаш шарҳ дода, қайд кардааст, ки ҳеҷ гоҳ воқеаҳои оилавияшонро болои саҳна наовардааст.

Ҳамсари Зеленский ҳамчунин, ҳаммуаллифи саҳначаи ҳаҷвии “Как казаки” ва силсилафилми “Слуга народа” –  дар бораи муаллими оддии мактаб, ки мехоҳад президенти Украина шавад, мебошад.

Елена ҳазломез мегуяд, ки ҳатто мехоҳад муаллифи барномаҳои саҳнавӣ боқӣ монад ва баромадҳои Зеленскиро таҳия кунад. Вай қоил аст, ки дар бисёр ҳолатҳо мехоҳад суханҳои шавҳарашро ҳангоми баромадаш таҳрир кунад.

Шуғли дӯстдоштаи ҳамсари президенти нав 

Дар бораи шавқу завқ ва шуғли дӯстдоштаи Елена, ҳамсари президенти тозаинтихоби Украина кам маълумот вуҷуд дорад.

Вай сароиданро дӯст медорад. Дар наврасияш дар озмунҳои оид ба овозхонӣ иштирок мекардааст ва орзӯи ҳунарпеша шудан доштааст.

Агар аз рӯи расме, ки оилаи Зеленскиҳо дар Инстаграм ҷой кардаанд, метавон гуфт, ки ӯ ба моҳигирӣ низ шавқ доштааст.

Ҳамсари президенти тозаинтихоби Украина, танҳо мавриди тавваҷуҳи омма ва расонаҳои хабарӣ гаштааст, барои ҳамин ба тарзи либоспӯшӣ ва услубҳои хоссӣ ӯ чизе гуфтан барвақт аст.

Дар ин ҳол худи ӯ низ ошкоро мегуяд, ки ҳоло вай нақши асосиашро ҳамчун ҳамсари президенти кишвар  муайян накардааст.

“Ман аз онҳое нестам, ки ҳангоми зери диққати омма ва расонаҳои хабарӣ қарор доштан худро хуб ҳис кунам", - қайд кардааст ҳамсари Зеленский. 

Расонаҳои хабарӣ навиштаанд, ки ҳамсари Зеленский ҳамчун зан “либосҳои қиммат ва дорои бренд ба бар намекунад” ва образи як зани оддиро меписандад. 

Зани Зеленский бар он аст, ки дар рӯзгори ҳаррӯза аз каблук ва куртаҳои қимматбаҳо дида, шими ҷинс ва красовки барош қулайтар аст.

Ҳамчунин аз рӯи расмҳои охире, ки ӯ дар интернет ҷой кардааст, маълум аст, ки вай болои “имиҷ”-и худ кор кардааистодааст.

Ба гуфтаи тарроҳон Елена Зеленский либосҳояшро мувофиқи услуби smart-casual интихоб мекунад ва ба ӯ рангҳои пастшуда ва равшан маъқул аст. Вай ҳамчунин дар интихоби пойпӯш ба мувофиқ будани он аҳамият медиҳад.  

Бонуи аввали нави Украина кист?

Ба гуфтаи мутахасисон ва зебопарастон ҳамсари Зеленский табиатан зебо аст ва ба ӯ ҳама тарзи пушидани либос мезебад.

Ба ақидаи коршиносони соҳа ҳамсари Зеленский тез ба нақши бонуи аввали кишвар ворид мешавад. Елена ҳамеша зебо ва арзандаи ин мақом дар шакли “Аврупоӣ” менамояд.

Дар ин ҳол мутахассисон бар онанд, ки ӯро мебояд ба услуби lady like гертсогини Кембриҷ Кетрин Миддлтон диққат диҳад.  

Ёдовар мешавем, ки пас аз эъломи натиҷаи интихобот аз ҷониби exit poll Владимир Зеленский овоздиҳандагонро сипос гуфт ва ваъда дод, ки ҳаргиз украиниҳоро пушаймон намекунад.

Тибқи гузориши exit poll ба ҷонибдории Зеленский 72,7 дарсади интихобкунандагон овоз доданд. Раисҷумҳури кунуниро танҳо 27,3% украиниҳо дастгириӣ карданд.

"Зеленский – 72,7% овоз, Порошенко – 27,3%,", - натиҷаҳои интихобот тибқи гузориши exit poll шабакаи "1+1".

Ҳамин тавр дар шарқи  Украина ҳунарпешаро 88% аҳолӣ ва раисҷумҳури кунуниро 12% мардум дастгирӣ кард.

Дар ғарби кишвар ба ҷонибдории Зеленский  56%, ба тарафдории Порошенко бошад - 43,6% овоз доданд.

Владимир Зеленский овоздиҳандагонро сипос гуфт ва ваъда дод, ки ҳаргиз украиниҳоро пушаймон намекунад.

"Ваъда медиҳам, ки ҳич гоҳ шуморо пушаймон намекунам",-гуфт Зеленский.

Ҳунарманд қайд кард, ки пирузиро тамоми Украина ба даст овард. Ҳамчунин Зеленский гуфт, ки табъаш болида ҳаст, вале монда шудааст.

"Ҳолам хуш аст, вале агар росташро гӯям, мехоҳам каме истироҳат кунам",-гуфт Зеленский.