Аз “жигулӣ” трактор сохту дар хидмати мардум гузошт: ихтироъкории Ғуломҳайдаров дар ВМКБ

Азим Ғуломҳайдаров, сокини деҳаи Даштаки ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон, аз таҷҳизоти мошини “Жигулӣ” барои корҳои кишоварзӣ “трактор” сохтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи Ҳукумати ВМКБ, бо нашри аксҳои ихтироъкории Ғуломҳайдаров изҳор доштаст, ки ин ҷавон аз хурдсолӣ ба техника таваҷҷуҳ дошта, то ҳол таҷрибаи зиёде андӯхтааст.

Аз “жигулӣ” трактор сохту дар хидмати мардум гузошт: ихтироъкории Ғуломҳайдаров дар ВМКБ

Ба иттилои манбаъ, Ғуломҳайдаров аз таҷҳизоти мошини “Жигулӣ”, аз ҷумла муҳаррики он барои анҷоми корҳои рӯзгор “трактор” сохтааст.

Азим Ғуломҳайдаров аз он изҳори қаноатмандӣ кардааст, ки дар мавсими баҳор хидмати мардумро анҷом медиҳаду  то ҳол техникааш зимни анҷоми корҳо нуқсу камбудиеро нишон надодааст.