Оғози даври дуюми интихоботи президентӣ дар Украина

Дар даври дуюми интихоботи президентӣ дар Украина, кишвардори кунунӣ-Петр Порошенко ва ҳаҷвнигору ҳунарманд Владимир Зеленский байни ҳам рақобат мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ҳавзаҳои интихоботӣ имрӯз, якшанбе, 21 апрел барои овоздиҳӣ боз шуданд. Даври дуюми интихобот аз соати 08:00 то 20:00 идома хоҳад кард.

Ин бор шаҳрвандони Украина аз байни кишвардори кунунӣ-Петр Порошенко ва ҳаҷвнигору ҳунарманд Владимир Зеленский якеро интихоб хоҳанд кард.

Дар ҳудуди Украина барои овоздиҳӣ наздики 30 ҳазор ҳавзаи интихоботӣ боз шудааст. 101 ҳавзаи дигар дар 72 кишвари ҷаҳон барои шаҳрвандони Украина фаъол аст.

Чаҳор Порошенко ва як Владимир Зеленский дар Қирғизистон ба сар мебаранд

Шаҳрвандони Украина дар Русия наметавонанд дар интихоботи президенти ояндаи кишварашон ширкат кунанд, чун 31 марти соли 2018 Комиссияи Марказии интихоботӣ ҳамаи ҳавзаҳоро баста буд.

Натиҷаҳои расмии интихобот то 1 май эълон хоҳад шуд. Инаугуратсияи президенти нав, рӯзи 31 май сурат мепазирад.

Президенти Украина ба муҳлати панҷ сол интихоб мешавад.

Даври аввали интихоботи президентӣ дар Украина

Дар даври аввали интихоботи президентии Украина, ҳунарманд ва ҳаҷвнигор Владимир Зеленский бо гирифтани 30 дарсади овозҳо аз Петр Порошенко пеш гузашт.

Пешсафии Зеленский дар интихоботи президентии Украина

Ба ҷонибдории Зеленский 30,7% аҳолӣ овоз дод. Петр Порошенко, бо гирифтани 18,6% овоз дар ҷои дуюм қарор гирифт. Дар мақоми сеюм - Юлия Тимошенко ҷой гирифт. Ӯро 13,9% аҳолӣ дастгирӣ кард. Юрий Бойко бо 10,3% дар ҷои чорум, вазири пешини дифоъ Анатолий Гритсенко 7,3%" овозҳоро аз худ кард.

Пешсафии Зеленский дар интихоботи президентии Украина

Барои бори аввал дар интихоботи президентии Украина нозирон аз Русия ширкат намекунанд. Маскав бар ин аст, ки иҷоза надодани нозирони ин кишвар ба Киев, қонунӣ будани интихоботро зери шубҳа мегузорад.

Ҳамчунин ба далели дар ҳудуди Русия ва Донбасс баргузор нашудани интихобот аз 7 то 10 миллион мардум аз овоздиҳӣ маҳрум хоҳанд монд.