Зуҳуров дар Русия гуфт, гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистон афзоиш меёбанд

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳҳои террористӣ бештар мешаванд, мегӯяд раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Бо далели вазъи печидаи Афғонистон таҳдиди террористӣ дар Осиёи Марказӣ тӯл мекашад, мегӯяд раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷкистон Шукурҷон Зуҳуров.

"Таҳдиди террористӣ дар Осиёи Марказӣ на танҳо тақвият меёбад, балки мутаассифона хусусияти доимӣ пайдо мекунад. Ин вазъият бештар аз вазъи Афғонистон вобаста аст. Низоъ дар ин кишвар то рафт ташдид меёбад", - гуфтааст ӯ ба рӯзноманигорон дар Санкт-Петербург.

Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати Валентина Матвиенко ба Русия рафт

Ба гуфтаи Зуҳуров, солҳои охир дар қисмати шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, гурӯҳҳои террористӣ афзоиш меёбанд.

"Онҳо мехоҳанд он ҷо пойгоҳҳои тамринӣ ва омӯзишии худро ҷой диҳанд, ки барои таъсири бештар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пойгоҳе мешавад. Бешубҳа, истиқрори сулҳ ва субот дар Афғонистон боиси тамини амният дар минтақаъ мешавад", - афзуд Зуҳуров.

Ёдрас мешавем, 18 апрел Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо даъвати Валентина Матвиенко ба Русия сафар карда буд.