ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар як рӯзи гузашта дар шаҳру навоҳиҳои кишвар се садамаи маргборро ба қайд гирифтааст. Дар натиҷаи дар ду ҳолат пидагардон ва дар як ҳолат худи ронанда ба ҳалокат расидааст.
Бино бар иттилои манбаъ, 19.04.с.2019, тахминан соати 12:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Лексус-RX 350", Ахмедов Муҳаммадсолеҳ Қосимович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳ.Шерозии пойтахт, аз тарафи кӯчаи Карамов ба самти дидбонгоҳи ноҳияи Варзоб, дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Хуҷамбиёи Поён, пиёдагарди ноболиғ, Гулов Анас Хуршедович, соли таваллудаш 2010, сокини кӯчаи зикргардидаро пахш намудааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, ба ҳалокат расидааст.
19.04.с.2019, тахминан соатҳои 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Нисан-Максима”, Давлатов Нуралӣ Давлатович, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Алимов Абдусамад Ҷабборович, соли таваллудаш 1963, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз, тахминан соатҳои 12:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Рабиев Негмат Бобоҷонович, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Хуҷанд-Сомғор” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори чапи роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.