ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар мулоқот бо раиси Шӯрои директорони ширкати "Қараманчӣ Холдинг"-и Ҷумҳурии Туркия Ҷаноби Фотеҳ Қараманчӣ ба мувофқа расид, ки дар шаҳри Душанбе корхоаи нав бунёд мерасад. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, ширкати номбурда фаъолияти худро дар се самт - саноати нассоҷӣ, тавлиди қубурҳои нахҳои шишагин ва гидроэнергетика ба роҳ монда, дар аксар кишварҳои ҷаҳон корхонаҳои худро ифтитоҳ намудааст.
Зимни баррасии масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ҷонибҳо доир ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли қубурҳои баландсифати нахҳои шишагин дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ба дигар масъалаҳои мавриди назар дахл намуданд.
Вохӯрӣ ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.