ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Бахшида ба муаррифии имконоти соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон дар бинои Роналд Рейган ва Маркази байнламилалии тиҷорат, чорабинӣ барпо гардид.
Ин чорабинӣ рӯзи 17 апрел дар ҳамкорӣ бо ташкилоти америкоӣ “Washington Intergovernmental Professional Group” баргузор шудааст. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим дар чорабинӣ суханронӣ намуда, ба ҳозирин дар бораи самтҳои авлавиятноки иқтисодиёт, фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, имкониятҳои саёҳӣ, такмили қонунгузорӣ барои ҳифзи манфиатҳои сармоягузорон, тасмиму нақшаҳои Ҳукумат барои рушди иқтисодиёти кишвар маълумот додааст.
Фарҳод Салим дар ИМА имконоти сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро муаррифӣ кард
Ӯ гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар тадбирҳои лозим меандешад.