Чаро талбандагӣ кардӣ?: директори интернат дар Хатлон хонандаро бо чӯб латту кӯб кард

Додгоҳ мудири мактаб-интернатро барои ин амалаш ҷарима кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Директори мактаб- интернати ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Қурбоналӣ Набиев барои латту кӯби хонанадаи мактабаш ҷарима шудааст. Дар ин бора додситонии кулли Тоҷикистон хабар меиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Набиев Қурбоналӣ Маҳмудович дар вазифаи директори мактаб- интернати ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон фаъолият намуда, бархилофи раванди таълиму тарбияи соҳаи маориф амал кардааст.

Ӯ хонандаи синфи 8-и ҳамин мактаб Маҳмадаминов Суҳроб Фатоҳиддиновичро ба утоқи кори худ дароварда, бо сабаби гӯё ба талбандагӣ машғул буданаш, бо чӯб задааст.

  Прокурарураи вилояти Хатлон нисбати Набиев Қ.М. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқваӣронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқваӣронкунии маъмурӣ оғоз ва ба суди ноҳияи Шаҳритус ирсол намудааст, ки бо қарори суд Набиев Қ.М. аз рӯи ин кирдораш ҷарима карда шуд.