Вазифаи нави милисаҳои ВМКБ: рӯзҳои якшанбе ба ҳашар-акс

Роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар ВМКБ тасмим гирифтааст, ки ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе ба ҳашари умумӣ баромада, барои тозагӣ ва анҷом додани корҳои ободонӣ саҳми худро гузоранд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳашар баромадаанд. Дар ин бора равобити умумии ин ниҳод хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳафта, роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар ВМКБ ва ҷузъу томҳои он дар минтақа дар ҳамбастагӣ кормандони мақомоти шаҳри Хоруғ ва навоҳии вилоят ба ҳашари дастаҷамъона баромада ба тозаву озода намудани минтақаҳои хизматӣ, маҳаллаҳо, ҷӯю наҳрҳои обгузар, муҳити атроф аз ҳар гуна партову ифлосиҳо, камари ҳимат бастанд.

Хоруғ тоза мешавад: БАТР барои рушди Хоруғ 8 миллион доллар ҷудо кард

"Кормандони РВКД дар баробари корҳои тозаву тамиз намудани минтақаи хизматӣ ба тоза намудани ҷӯйи обёрӣ, ки аз маҳалаи ГЭС то ба маҳалаи ТЕМ тӯл кашидаасту беш аз 8 километр дарозӣ дорад, баромада, зиёда аз 1 километр дохили ҷӯй ва атрофи онро аз хасу сангпора, зарфҳои пластикиву шишагин ва шохҳои дарахтон тоза намуданд",-омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон бо дастури роҳбарият, кормандон он партовҳои аз дохили ҷӯй баровардашударо, ки боиси паҳншавии касалиҳои сироятӣ миёни истифодабарандагони оби ҷӯй мегардад, нобуд карда шуданд.

Вазифаи нави милисаҳои ВМКБ: рӯзҳои якшанбе ба ҳашар-акс

 

Манбаъ афзуда, ки роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар ВМКБ тасмим гирифтааст, ки ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе ба ҳашари умумӣ баромада, барои тозагӣ ва анҷом додани корҳои ободонӣ саҳми худро гузоранд.

Вазифаи нави милисаҳои ВМКБ: рӯзҳои якшанбе ба ҳашар-акс

Ин дар ҳолест, ки Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд барои рушди шаҳри Хоруғ 8 миллион доллар ҷудо кардааст, ки дар назар аст, қисме аз ин маблағ барои азнавсозии нуқтаҳои партови шаҳри Хоруғ ва бо қутиҳои ахлопарто таъмин намудани шаҳр сарф хоҳад шуд.