ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ҳадафи мулоқот ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкати "Қараманчӣ Холдинг" ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, баррасии имкониятҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти минбаъдаи ширкат дар Тоҷикистон буд.
Ба иттилои манбаъ, ширкати "Қараманчӣ Холдинг" фаъолияти худро дар се самт - саноати нассоҷӣ, тавлиди қубурҳои нахҳои шишагин ва гидроэнергетика ба роҳ монда, дар аксар кишварҳои ҷаҳон корхонаҳои худро ифтитоҳ намудааст.
“Зимни баррасии масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ҷонибҳо доир ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли қубурҳои баландсифати нахҳои шишагин дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд”, - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.
Манбаъ афзуд, ки дар мулоқот ҷонибҳо дар дигар масъалаҳои мавриди назар низ табодули афкор намуданд.