ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Шӯрои уламо, Муъминов ин иқдомро дар партави ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ ва анҷом додани корҳои хайру савоб анҷом додааст.
Манбаъ изҳор дошт, ки Одилхон Муъминов дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Хуросон бунгоҳи тиббиро бо харҷи 60 ҳазор сомонӣ сохтааст.
“Бунгоҳи тиббии мазкур аз 5 утоқ иборат буда, минбаъд дар он 4 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд”, - иттилоъ додааст Шӯрои уламо.
Ин амали руҳонии тоҷик дар ҳолест, ки то ҳол дар доираи маъракаи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият вазирону соҳибкорон ва намояндагони дигар соҳаҳо аз ҳисоби худ дар кишвар муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва фарҳангию фароғатиро бунёд кардаанд.