Тасдиқи феҳрасти барандагони стипендияи раиси Душанбе

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе феҳрасти барандагони стипендияи раиси пойтахтро тасдиқ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тибқи қарори дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ба феҳрасти тасдиқшудаи барандаҳои стипендияи раиси шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2018 – 2019  хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт шомил мебошанд.

Сохтмонҳо қиматтар мешаванд? қарори нави Рустами Эмомалӣ

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба бахши муҳосиботи дастгоҳ барои сарфароз гардонидани барандагон 558 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шавад.

“Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағи ҷудогардидаро мувофиқи тартиби муқарраргардида, таъмин намояд”, - омадааст дар қарор.

Раиси Душанбе назорати иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи муовини раис сарпарасти соха гузошта шавад.