Коршиноси рус: авф мушкили муҳоҷирони тоҷикро бартараф намекунад

Вобаста ба санадҳои имзошуда ва махсусан дар барои "Созишнома оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Русия", роҳбари Шӯрои назоратии Институти омор, муҳоҷират ва рушди минтақавӣ Юрий Крупнов тавзеҳ додааст
Sputnik

Мақомоти Русия ва Тоҷикистон ҳангоми сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия “Созишнома оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Русия”-ро ба имзо расониданд.

Коршиноси рус: авф мушкили муҳоҷирони тоҷикро бартараф намекунад

“Дар бораи тавакал ва мушкилиҳои он чизе гуфтан мушкил аст. Чунки имзои чунин созишнома ин нишонаи муҳим будани Тоҷикистон барои Русия мебошад”, - ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод Крупнов.

Коршинос бар он аст, ки ҳамаи дигар имтиёзҳои баррасишуда маънои сиёсӣ доранд.

Мавзӯи қонунигардонии қисмати муҳоҷирони меҳнатие, ки аз рӯи қонуншиканиҳои маъмурӣ то ҳол дар ҳолати номуайян қарор доранд ва ё ихроҷ шудаанд ин масъалаи ҷиддиест, гуфтушунидҳои дуҷониба ва коркарди роҳҳои нави ҳали ин мушкилиро талаб мекунад, қайд кардааст Крупнов.

“Танҳо ба воситаи авфҳои ҳарсола ва ё дар се сол як маротиба мо наметавонем ин мушкилро ҳал кунем”, - гуфтааст коршинос.