Азми Русия барои фурӯши барқи “Сангтӯда – 1” ба кишварҳои дигар

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз имкони интиқоли барқи нерӯгоҳи “Сангтӯда – 1” ба кишварҳои сеюм хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Владимир Путин, 17 апрел дар Маскав ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро дар бахши энергетика муваффақ хонд.

Раҳмон: муҳоҷирон кам шудаанд. Путин: 1,2 миллионанд: суҳбат аз теъдоду пулашон – видео

Ӯ гуфт, Русия талаботи иқтисоди Тоҷикистонро бо маводи нафтӣ пурра таъмин мекунад ва зикр намуд, ки маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода мешаванд.  

Путин афзуд, нерӯгоҳи “Сангтӯда – 1”, ки бо иштироки Русия сохта шудааст, беш аз 10 дарсади нерӯи барқи истифодашаванда дар Тоҷикистонро таъмин мекунад.

“Феълан имкони интиқоли барқи тавлиди “Сангтӯда – 1” ба кишварҳои сеюм мавриди баррасӣ қарор дорад”, - гуфт раисиҷумҳури Русия.   

Баррасии содироти барқи “Сангтӯда – 1” ба хориҷи Тоҷикистон дар ҳолест, ки “Барқи тоҷик” натавонистааст, ҳаққи барқи ин нерӯгоҳро саривақт пардохт кунад.

Ҳамоиши бузурги роҳбарон дар Душанбе: Путин гуфт, “иштирок мекунем”

Ба ҳолати аввали соли равон аз 23 миллиард сомонӣ қарзи умумии "Барқи тоҷик”, 1,36 миллиард сомонии он ба “Сангтӯда – 1” рост меояд.

Тибқи иттилое, ки ширкат расман пахш кардааст, то 1 январи соли равон “Барқи тоҷик” барои “созишномаҳои зерқарзӣ” 18,5 миллиард сомонӣ аз вазорати молия, 1,15 миллиард аз “Сангтӯда – 1”, 1,36 миллиард аз “Сангтӯда – 2”, 66,7 миллион аз андоз ва бақия 1,34 миллиард аз “Ориёнбонк”, бонки хизматгузораш қарздор аст.