Хизмат ба муҳоҷирон: Раҳмон гуфт, ки вазифаи аслии сафорату намояндагиҳо дар чист

Раисҷумҳур таъкид кард, ки онҳо вазифадоранд ба муроҷиатҳои муҳоҷирони тоҷик сари вақт вокуниш нишон дода, ба мушкилоташон бетараф набошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳини мулоқот бо намояндагони диаспораи тоҷикон дар Маскав гуфт, ки ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик мебошад, ки дар музокиротҳо бо роҳбарони олии Русия низ доим зикр мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки 5 намояндагии дипломативу консулии Тоҷикистон дар Русия барои ба ҷо овардани хизмати тоҷикистониён ифтитоҳ шудаанд.

Президент ёдрас кард, ки мақомоти тоҷик дар Русия вазифадоранд, ки ба муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сари вақт вокуниш нишон дода, дар мушкилии онҳо бетараф набошанд.

"Таъкид месозам, ки намояндагони сохтору мақомоти давлатии дар Россия фаъолиятдоштаи Тоҷикистон вазифадоранд, ки ба муроҷиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ сари вақт вокуниш нишон диҳанд, онҳоро раҳнамоӣ кунанд ва ба мушкилоти ҳамватанони худ бетараф набошанд", - менависад дафтари матбуотӣ аз қавли раисҷумҳур.

Афзун бар 5 намояндагии дипломативу консулии Тоҷикистон дар Русия, намояндагиҳои вазорати идораҳои марбута низ фаъолият мекунанд.