Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон меборад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон ва дар  баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад.  Дар  ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 6-11 ва  рӯзона 14-19  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона  5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон  ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва  рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7   ва  рӯзона  9-14  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  8-13   ва   рӯзона 15-20 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон, дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва рўзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10  ва  рўзона 13-18  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳар борон меборад. Рӯзона  ҳаво бе бориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  шабона 10+12 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.