Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав бо зодагони Тоҷикистон мулоқот кард

Дар мулоқот роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт иштирок доштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Дар шаҳри Маскав дар доираи сафари расмӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт - зодагони Тоҷикистонмулоқот анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бояд хотиррасон кард, ки зимни ҳар як сафар ба Русия Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, зодагони Тоҷикистон вохуриҳои судманду созанда анҷом медиҳад, менависад манбаъ.

Истиқболи пуршукӯҳ: Эмомалӣ Раҳмон вориди Маскав шуд - Видео

Чунин вохуриҳо қаблан дар шаҳрҳои Қазон, Маскав, Челябинск ва Екатеринбург доир шуда буд.

Манбаъ ёдовар шудааст, ки  дар зиёда аз 70 минтақаи Русия бомуваффақият фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обрӯи онҳо мебошад.

"Чунонки аз рафти сӯҳбат маълум гашт, аксари мушкилоте, ки дар мулоқотҳои пешин зикр мегардиданд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ҳалли худро ёфтаанд", - афзудааст дафтари матбуотии президент.

Зимни ин сафар низ раисҷумҳур дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон, донишомӯзии донишҷуёни тоҷик ва вазъи муҳоҷирати меҳнатиро дар Русия муҳокима кард.