Янга пас аз ҳамлаи бародари шавҳар бо корд ба қафаси сина дар беморхона ҷон дод

Қотилро ба 14 сол равонаи зиндон карданд. Ӯ бо далели "муносибати оштинопазир" ба қафаси синаи зани бародараш корд зад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Дар шаҳри Исфара марде барои куштори ҳамсари бародар ба 14 соли зиндон маҳкум шуд, хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Муҷибахон Зокирова, сокини шаҳри Исфара  пас аз ҳамлаи бародари шавҳараш бо корд дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

"Зокиров Назирҷон Содиқович зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Исфара дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари бародараш Зокирова Муҷибахон Аюбовна дар асоси муносибати оштинопазирии қалбй ҷанҷол шуда, бо корд ба қафаси синаи охирон задааст", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар натиҷа Зокирова М.А. аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара ба ҳалокат расидааст. Прокурори шаҳри Исфара нисбати Зокирова Н.С. бо моддаи 110 қисми 3 банди "в" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ  барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди шаҳри Исфара вилояти Суғд ирсол карда мешавад.

Бо ҳукми суд Зокирова Н.С. гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.