Ваъдаи Нуриддин Саид дар Маскав: барои кӯдакони муҳоҷир мактаб месозем

Ба гуфтаи вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар Русия феълан мактабҳои якшанбегӣ роҳандозӣ шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар назар аст, ки барои кӯдакони муҳоҷир дар Русия чанд мактаби якшанбегӣ ифтитоҳ шавад, хабар дод ба Sputnik Тоҷикистон вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид.

Ба гуфтаи вазир, дар ду шаҳри Русия - Маскав ва Челябинск феълан мактабҳои рӯзҳои таътилӣ фаъолият мекунанд. Онҳо бо кӯмаки диаспораи тоҷикон бунёд гаштаанд ва аз ҷониби вазорат бо китобу лавозимоти хониш таъмин гаштаанд.

Дидори Нуриддин Саид ва вазири маорифи Русия дар Душанбе

"Нақша дорем дар ҳудуди Русия 5-6 мактаб бунёд кунем. Аммо ин ҳоло танҳо дар нақша аст", - афзуд вай.

Мактабҳо дар манотиқҳое бунёд мешаванд, ки диаспораи тоҷикон ҳузур дорад.

Ёдрас мешавем, имрӯз дар Маскав 7-умин конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.