ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Дар натиҷаи сӯхтори бузург дар Фаронса сақфи калисои машҳури ҷаҳон-Нотр-Дам-де-Пари пурра ба хок яксон шуд.
Сӯхтор тақрибан соати 20:00 бо вақти Маскав (22:00 бо вақти Душанбе), шаби 15 апрел сар зад. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор корҳои таъмиру тармими калисо шудааст.
Дар шаҳрдории Порис хабар доданд, ки сӯхтор аз пушти сохтмон шурӯъ шудааст.
Мувофиқи маълумоти охир дар паи ин сӯхтор сақфи калисо пурра хароб ва соати Нотр-Дам-де-Пари вайрон шудааст.
Ба гуфти муовини раиси шаҳри Порис Эмманюэл Грегуар, дар паи сӯхтор сохторҳое нест шуданд, ки пайдоишашон ба асрҳои XIII ва XIX рост меояд.
Ҳамчунин мақомот хабар доданд, ки дар паи ин сӯхтори мудҳиш касе захмӣ нашудааст.
Сақфи Нотр Дам ба хок яксон шуд: сӯхтори мудҳиш дар Порис-видео