ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Дар маҳаллаи Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ бинои Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт, хабар медиҳад равобити умумии мақомоти вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, дар расми ифтитоҳи иншооти мазкур раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат кардааст.
Маркази саломатӣ аз 6 утоқи корӣ иборат буда, он дар доираи тарҳи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ки бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, бо харҷи 1,4 миллион сомонӣ бунёд гардид.
Дар Маркази саломатӣ 11 нафар кормандони тиб бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Бо ифтитоҳи иншооти мазкур вазъи хизматрасонии кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар минтақа беҳтар хоҳад шуд ва Маркази саломатӣ имкон дорад ба 4500 нафар хизмат расонад.
Дар доираи лоиҳаи зикршуда то имрӯз дар ноҳияи Мастчоҳ чаҳор Маркази саломатӣ ба истифода дода шуда, сохтмони боз як иншоот идома дорад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи Маркази саломатӣ таъкид кард, ки бо фароҳам гардидани шароитҳои зарурӣ бояд сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Суғдиён боз ҳам беҳтар гардонида шавад.
Ёдовар бояд шуд, ки дар маҷмӯъ дар ноҳия 10 Маркази саломатӣ ва 16 Бунгоҳи тиббӣ фаъолият дошта, баҳри таъмини солимии ҷомеа хизмат мерасонанд.