80-солагии Маҳмудҷон Воҳидов: дар Душанбе ҷашнвораи "Парасту-2019" оғоз шуд

Ҷашнвора – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019», имсол ба 80 солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ бахшида мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik.  Рӯзи 15 апрел дар саҳни театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, бо барномаи ҷолиби ҳунарӣ маросими ифтитоҳи бошукӯҳи “Парасту - 2019” баргузор шуд. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад.

Қисми расмии ифтитоҳи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019», ки соли ҷорӣ ба 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад, дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ сурат гирифт.

Дар пойтахт ҷашнвораи “Парасту – 2019” баргузор мегардад

Нахуст аҳли толор композитсияи адабиро оид ба ҳаёту фаъолият ва роҳи эҷодии пайнамудаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов тамошо карданд.

Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назариён иштирокчиён ва меҳмонони ҷашнвораро табрику хайрамақдам гуфта, оид ба аҳамияти ҷашнвора, рушди театр дар солҳои истиқлолият ва саҳми бебаҳои ҳунарпешаи зиндаёд Маҳмудҷон Воҳидов дар ташаккули санъати театрии тоҷик сухан гуфт. 

«Маҳмудҷон Воҳидов ситораи тобони санъати касбии тоҷик буда, дар тӯли умри кӯтоҳ бо ҳунару истеъдоди худ дар дилу дидаи ҳаводорони ин ҳунари воло абадан нақш баст. Нақшҳои офаридаи ӯ дар намоишҳои «Қисмати шоир», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Ромео ва Ҷулйетта», «Муфаттиш», филмҳои ҳунарии «Зумрад», «Ҳасани аробакаш», «Достони Рустам ва Суҳроб», моноспектаклҳои «Гуфтугӯ бо худ» ва ғайраҳо шоҳкориҳои санъати асил буда, ба хазинаи тиллоии фарҳанги миллӣ дохил шудаанд», -иброз дошт муовини аввали вазири фарҳанг ва илова намуд, ки театр дар таърихи беш аз се ҳазорсолаи худ дар тамаддуни башар инъикосгари вазъи иҷтимоии ҷомеа ва рӯҳу маънавиёти мардум эътироф гаштааст. 

Шоҳҷоизаи "Парасту-2015" -ро театри Хоруғ соҳиб шуд

Сипас меҳмонони чорабинӣ аз намоиши «Камоли Хуҷандӣ» дар иҷрои ҳунарпешаҳои Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баҳра бардоштанд. Намоиши мазкурро коргардон Сайрам Исоева саҳнавӣ гардонидааст. 

Баъди нисфирӯзӣ дар доираи фестивал намоиши «Вақте ки кўҳҳо сукут мекунанд» (муаллиф Ч.Айматов, коргардон Н.Меликов) дар толори Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо иҷрои ҳунарпешагони ҳамин театр манзури ҳакамони чорабинӣ ва дӯстдорони санъати театрӣ гардиданд.

Дар ҷшнвора 18 театриҳои касбии кишар намоишномаҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошобинон ва ҳакамони озмун мегузоранд. 

Дар доираи ҷашнвора баргузории ду мизи мудаввар – яке дар мавзӯи “Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик” ва “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” дар назар аст. 

Даромад ба ҳамаи намоишҳои озмунӣ ройгон буда, ҷамъбасти ботантани он рӯзи 22 апрели соли 2019 пешбинӣ шудааст.