ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, дар доираи нақшаи генералии пойтахт, роҳи хиёбони Саъдии Шерозӣ - аз ҳалқаи кӯчаи Неъмат Қарабоев то гардиш ба кӯчаи Раҳмон Набиев бозсозӣ мешавад.
Манбаъ таъкид кардааст, ки бо ҳамин сабаб ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз 15 апрели соли 2019 дар ин хиёбон маҳдуд карда мешавад.
Шаҳрдорӣ илова намуд, ки ҳамзамон, ба хатсайри микроавтобус ва автобусҳо тағйирот ворид карда шуданд:
“Микроавтобусҳои №2, 52, ва 54 тариқи кӯчаҳои Мушфиқӣ-Соҳилӣ, №13 тариқи кӯчаи Р. Набиев, Мушфиқӣ, Н. Қарабоев ва № 15, 25 тариқи кӯчаҳои Соҳилӣ, Н. Ганҷавӣ, М. Шерализода ҳаракат мекунанд”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли ҳукумати Душанбе.
Инчунин ҳаракати автобусҳои № 7, 11, 18, 29 тариқи кӯчаҳои Р. Набиев, Мушфиқӣ, Н. Қарабоев сурат хоҳад гирифт.
Шаҳрдорӣ барои ҳусни тафоҳуми ронандагон ва мусофирон дар мавриди монеаҳои ҳаракати нақлиёт изҳори сипос карда, таъкид намудааст, ки ин тадбирҳо барои ободонӣ роҳандозӣ шудаанд.