Раҳмон бо Путин дар Маскав кадом масъаларо баррасӣ мекунанд

Дар доираи мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия, мушкилоти муҳими минтақавӣ низ баррасӣ хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ хоҳанд кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Президенти Русия.

Сафари расмии Эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 16-17 апрел оғоз хоҳад шуд.

Ҳайати Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон ба Маскав сафар кард

“Дар доираи мулоқот масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои рушди ҳамкориҳо мутақобили судманд дар соҳаи сиёсат, савдову тиҷорат, фарҳангу гуманетарӣ ва ғайра баррасӣ шавад”, таъкид намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия.

Зикр шудааст, ки зимни мулоқот раисҷумҳурони Русия ва Тоҷикистон дар масоили муҳими минтақавӣ табодули афкор хоҳанд кард.

Зимни сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия қарор аст, як чан санадӣ ҳамкорӣ ба имзо расад.

Пештар ёрдамчии раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков эълон карда буд, ки Кремл барои сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия омодагӣ гирифтааст.