Дар чорчӯби сафари Раҳмон: дар ҳамоиши Маскав 15 созишнома имзо хоҳад шуд

Ҳамоиш дар чорчӯби сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия, рӯзҳои 16-17 апрел дар Маскав баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар назар аст, ки ширкаткунандагони ҳамоиши ҳафтуми байниминтақавии Тоҷикистону Русия на кам аз 15 созишнома ва меморандуми ҳамкориҳои  байни кишварҳоро имзо кунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва рушди Тоҷикистон.

Ҳамоиш рӯзҳои 16-17 апрел дар шаҳри Маскав дар доираи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия, баргузор хоҳад шуд.

Рӯзҳои 16-17 апрел: мушовири Путин дар муносибот бо Тоҷикистон такон ба пешро пешгӯӣ кард

Ҳамоиш аз ҷониби Вазоратҳои рушди иқтисоди Тоҷикистону Русия дар ҳамкорӣ бо Бунёди "Росконгресс" гузаронида мешавад.

Дар Кремл ба мулоқоти Раҳмону Путин омода мешаванд

"Ҳамоиш дар доираи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо мақсади тавсеъаи ҳамкориҳо миёни минтақаҳо, доираҳои тиҷорӣ ва ширкатҳои Тоҷикистону Русия баргузор мешавад",-омадааст дар хабарнома.

Шикаткунандагони ҳамоиш масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои саноат, логистика, кишоварзӣ рушди сармоягузорӣ ва ғайра, баррасӣ хоҳанд кард.

Барномаи марказӣ-нишаст бо ҳузури раҳбарони Вазоратҳои иқтисоди ду кишвар хоҳад шуд. Хулосаи ин нишаст имзои наздики 15 созишномаи ҳамкорӣ ва миморандум миёни Тоҷикистону Русия хоҳад шуд.

Гусев дар бораи мулоқоти Раҳмону Путин: мушкилии зиёде ҷамъ шудааст

Ҳамоиши шашуми байниминтақавии Тоҷикистону Русия порсол моҳи май баргузор шуда буд.