Супориши раисиҷумҳур ба Кумитаи амният дар бораи пулу моли афроди алоқаманд ба терроризм

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат тартиби ҷадиди манъ, ё худ ҳабсу озодсозии пулу моли афроди алоқаманд ба терроризмро тасвиб кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Қарори Ҳукумат дар мавриди тартиби манъи воситаҳои молиявӣ ва дигар амволи афроду созмонҳои алоқаманд ба терроризм аз сӯи раисиҷумҳур 29 марти соли равон имзо шудаааст.

Ҳукми генерал – майори воломақоми тоҷик барои пора, пулшӯйӣ ва нашъаҷаллобӣ

Раисиҷумҳур Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро вазифадор кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигар тартиботи муқарраршударо амалӣ кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон қарори қаблияш аз моҳи ноябри соли 2015 дар бораи тартиби ҳабсу озодсозии воситаҳои молиявӣ ва амволи афроду созмонҳои алоқаманд ба терроризмро бекор кардааст.

Феълан тафсилоти тартиботи ҷадид барои ҳабсу озодсозии воситаҳои молиявӣ ва дигар моликияти афроду созмонҳои алоқаманд ба терроризм маълум нест.

Додгоҳи Тоҷикистон корманди пешини Ожонси мубориза бо фасодро 15 сол зиндонӣ кард

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри феҳрасти садҳо нафар шахсони ба иддаои мақомот алоқаманд ба терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноётро нашр карда, хостори қатъи ҳар гуна ҳамкориҳои молиявӣ бо онҳо шуданд. Ба ин рӯйхат аъзои созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” шомил буданд.

Инчунин ба рӯйхати сиёҳи Бонки миллӣ 16 созмон, аз қабили, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ал-Қоида, Ҷамъияти Таблиғ, Созмони Таблиғ, Тоҷикистони озод, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Гурӯҳи 24, Давлати исломӣ, ё худ “ДОИШ”, Ҷабҳат-ун-нусра, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ихвонулмуслимин, Ҷамоати исломӣ, Ҷумбиши Толибон, Ҳизби исломии Туркистон, Лашкаи Тайиба, Таблиғи Ҷамоат зикр гардиданд.