Рамазон Раҳимзода ба Норак рафт

Раҳимзода ба ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Норак ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти хизматӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳамкорӣ бо мардум як қатор дастуру супоришҳо додааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Имрӯз, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон ба шаҳри Норак сафар кард.

Ба иттилои равобити умумии ВУД вазир аз корҳои ободонию созандагӣ дар ШВКД шаҳри Норак боздид кардааст. 

Манбаъ мегӯяд, бинои ШВКД дар шаҳри Норак пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, саҳни бино бо тахтасангҳои мунаққаш ва фаввора оро дода шудааст.

Нахустин мулоқоти Раҳимзода бо сафири навтаъини ИМА

Ҳамчунин ба кабудизоркунӣ ва дарахтшинонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, гирду атрофи бинои шуъбаи мазкур ободу зебо гардонида шудааст.

"Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, дар саҳни бино бо ҳайати шахсӣ вохӯрӣ намуд",-омадааст дар хабарнома.

Зимни вохӯрӣ ва сӯҳбати озоду самимӣ ба ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Норак ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти хизматӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳамкорӣ бо мардум як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ситоиши Раҳимзода аз шароити хизматчиёни Қушунҳои дохилӣ ва супориш ба масъулин-акс

Ҳамчунин Рамазон Раҳимзода рӯзи 7-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб бинои шуъбачаи милитсияи фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоби ШВКД дар нақлиётбудаи вилояти Хатлонро ба баҳрабардорӣ расонд.