Олимон гуфтанд кадом намуди машқ умри одамро дароз мекунад

Иҷрои бештари машқи мушакӣ хатари гирифторӣ ба бемориҳои гуногунро кам карда, уми одамро дароз мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Машқҳое, ки ба рушди қувваи мушакҳо равона мешавад, умри одамро дароз мекунад. Дар ин бора гурӯҳи пизишкон аз Бразилия дар ҳамоиши ҷаҳонии Созмони дилшиносон гуфтанд.

Чуноне олимон муайян кардаанд, иҷрои бештари машқ бо мушакҳо, хатари марги барвақтро кам мекунад. Қайд мешавад, ки дар ин ҳол на худи қувва, балки истифодаи бештари ин қувва дар муддати муайян муҳим аст.

Олимон хатари марговари нӯшидани чойи гармро муайян карданд

Барои ба чунин хулоса расидан, олимон таҷриба гузаронидаанд, ки дар он 3878 довталаби аз 41 то 85-сола ширкат кардаанд.

Ҳамаи довталабон ба машқҳои мушакӣ машғул шуданд.

Олимон бархӯрди замин бо астероидро пешгӯӣ карданд

Онҳое, ки қувваи мушакиро дар як сония бештар сарф кардаанд, бештар зиндагӣ кардаанду онҳое, ки қувваи мушакиашон камтар буд пештар даргузаштанд.

Олимон исбот карданд, ки кадом занон ба хиёнат қодиранд

"Пажӯҳиши мо нишон медиҳад, одамоне, ки қувваи мушакҳояшон бештар аст. умри дароз доранд",-гуфт муаллифи пажӯҳиш профессор Клаудио Гил Араужо.

Ба гуфти ӯ дар залҳои машқ мардум бештар ба шумораи бардошти вазн ё худ такроркунии он диққат медиҳанд. Вале ба ҷои он бояд ба суръати иҷрои машқҳо диққат дод, ки бештар фоида дорад.