ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Мақомот мегӯяд, ҷавони 22-солаи сокини Душанбе ба боварии сокини ноҳияи Ишкошим даромада, аз ӯ 180 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
"Зани 42-солаи сокини ноҳияи Ишкошим, шикоят кадааст, ки моҳи майи соли 2018, ҳангоми дар кӯчаи Мушфиқии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, ҷавони 22-солаи сокини кӯчаи мазкур, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 180.000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст".
Ҳамчунин, ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дурбати ҳамин шаҳр, бо ариза муроҷиат намудааст.
Ӯ гуфтааст, ки соли 2015, марди 36-солаи сокини кӯчаи Саъдии Шерозии пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Прадо”-ро ба маблағи 30.000-доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Сокини ноҳияи Ишкошим дар сархати ронандагони ҷаримагурез: рӯйхати ВКД
Вазорати умури дохила мегӯяд, ки айни замон нафарони тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот дар ин самт идома дорад.