Садамаи маргбор дар Суғд: сарозер шудани мошин ба чуқурии 200 метра

Дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок дар вилояти Суғд мошине зери сангрез монда ба дарё афтидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Дар вилояти Суғд дар натиҷаи афтидани мошин ба дарё се нафар ба ҳалокат расидаанд, иттилоъ додааст SugdNews бо истинод ба Идораи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар вилояти мазкур.

Суғд аз қурбониёни бартарафкунии садама дар Неругоҳи барқи атомии Чернобил ёд хоҳанд кард

Ин ҳодиса дар роҳи Душанбе – Хуҷанд дар ҳудуди деҳаи Кумарки ноҳияи Айнӣ рух додааст.

Ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар 121-ум километри роҳи Душанбе – Чаноқ мошини тамғаи Opel Astra зери сангрез мондааст, ки дар натифа ронанда, марди 41-сола низоми идораи мошинро гум кардааст. Баъди ин мошин ба чуқурии 200 метр ба дарёи Фон сарозер шудааст.

Дар натиҷа ронанда ва ду мусофири дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ба ҳалокат расидаанд.

Қайд шудааст, ки ҷасади як марду як зан, мусофиронро пайдо кардаанд, аммо ҷасади ронанда таҳти кофтукоб қарор дорад.