Поммершайм ба мардуми ВМКБ 4 “Тойота”-и тиббӣ дод - акс

Аз номи мардуми ИМА барои сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 4 мошини “Тойота”-и ёрии тиббии таъҷилӣ тақдим шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ҷон Марк Поммершайм, сафири навтаъини ИМА дар Тоҷикистон мошинҳои ёрии тиббии таъҷилиро аз номи мардуми кишвараш ба мақомоти ВМКБ тақдим намуд.

Тибқи иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, маросими супоридани мошинҳои нави ёрии таъҷилӣ имрӯз бо ҳузури Поммершайм ва Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ баргузор гардид.

Манбаъ афзуд, ин дастгирӣ дар ҳоле ироа шуд, ки бемористонҳои навоҳии ВМКБ ба мошинҳои ёрии таъҷилӣ ниёзи шадид доранд.

Соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла тандурустию маориф аз ҷумлаи самтҳои асосие мебошанд, ки бахши аъзами кумаки кишварҳои хориҷӣ ба ин бахшҳо равона мегардад. Аз ҷумла ҷумла дар назар аст, ки ояндаи наздик Русия низ дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон 5 мактаби русиро бунёд кунад.