Аъзоёни Кумитаи Думаи давлатии Русия доир ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамроҳ бо раиси ин Кумита Сергей Говрилов пешнищод намуданд, ки ба муҳоҷирони эҷодкоре, ки ба Русия барои 30 рӯз ворид мегарданд бидуни гирифтани патент фаъолият намоянд.
Онҳо инчунин пешниҳод намуданд, ки муассисаҳои фарҳангӣ аз дарёфт намудани иҷозатнома барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор озод карда шаванд.
Гаврилов таъкид намудааст, ки тибқи стратегияи нави сиёсати муҳоҷиратиии Русия, аз хориҷа ба кишвар бояд корҳои доимӣ ва муваққатӣ теъдоди зиёди кадрҳои боихтисос ҷалб карда шавад.
“Муҳим он аст, ки ба Русия бештар эҷодкорон, омӯзгорон, донишмандон ва шахсони фарҳангӣ барои гузаронидани намоишҳо, мастер-класҳо, намоишнома ва иштирок дар озмунҳои гуногун ворид гарданд. Дар ҳоли ҳозир кор бо донишмандону фарҳангиён бартарӣ дорад. Агар ҷониби Русия барои муддати кӯтоҳ ба кишвар донишманд, омӯзгор ё дигар шахси фарҳангиро аз хориҷа даъват намояд, гирифтани патент барои вай кори зиёдатӣ мебоашд”, - гуфт Сергей Гаврилов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.