ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Духтари калонии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёв - Саида Мирзиёева яке аз муовинони мудири Агентии иттилоотӣ ва иртиботи оммаи Узбакистон таъин гардид.
Дафтари матбуоти агентӣ хабар додааст, ки имрӯз дар агентӣ дар рафти маҷлиси вижа роҳбарияти нави Агентии иттилоот шиносоӣ шуд.
"Ба иштирокдорони маҷлис ҳайъати роҳбарияти нави агентӣ мудири нав - Комил Алламҷонов ва муовинонаш Ҳоҷиметов Авазбек ва Мирзиёева Саида шиносоӣ шуданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Агентии иттилоотӣ ва иртиботи Узбакистон дар назди Дастгоҳи президенти Ҷумҳурии Узбакистон дар пойгоҳи Агентии табъу нашри Узбакистон ташкил шудааст.
Президенти 62-солаи Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамсараш Зироатхон Ҳошимова се фарзанд тарбия мекунанд. Писари ягонаи хонавода мактабхон ва духтронаш оиладоранд.
Духтари калонии президент Саида ва домодаш Ойбек Турсунов аст. Ба қавли расонаҳо Ойбек дар дастгоҳи президент мақом дорад.
Отабек Шаханов ҳамсари Шаҳноза Мирзиёева роҳбари муҳофизони падарарӯсаш аст.
Мирзиёев соҳиби 5 набера аст.