ВУД: иҷоранишин телевизор, ДВД ва рӯйкаши курпаю болиштро дӯздида, ғайб задааст

Иҷоранишин аз хонаи ба иҷора гирифтааш 1-адад телевизор, 1-адад ДВД ва рӯйпӯши ҷойи хоб, ҷамъ ба маблағи 9650-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як қатор амалҳои дуздӣ ва дастгиршавии гумонбарон хабар додаааст.

Манбаъ афзудааст, ки ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 42-солаи сокини кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 3-юми апрели соли 2019 зани 24-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 245 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 4000-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилӣ, ҷамъ ба маблағи 4350-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Боздошти зани 36-солаи сокини Дарвоз ба иттиҳоми дуздӣ дар Корвон

Ҳамчунин оид ба ҳодисаи дуздӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 42-солаи сокини шаҳри Душанбе арз намудааст, ки рӯзи 21-уми ноябри соли 2018 марди 32-солаи сокини кӯчаи Лоҳутии пойтахт бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи ба иҷора гирифтааш 1-адад телевизор, 1-адад ДВД ва рӯйпӯши ҷойи хоб, ҷамъ ба маблағи 9650-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш кормандони милитсияи шаҳри Турсунзода марди 28-солаи, сокини ҳамин шаҳрро дастгир намуданд, ки дар дуздидани гушворҳои тиллои духтари ноболиғ айбдор мешавад.

Дар ҳоли ҳозир гумонбар дастгир шуда нисбати ӯ тафтишот идома дорад.