ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон намудааст, ки дар семоҳаи аввали соли равон, новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 269,6 миллион сомонӣ расидааст.
Манбаъ таъкид намудааст, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шумораи корхонаю муассисаҳо ба 1735 адад расида, шумораи умумии корхонаҳои калону хурди саноатӣ ба 161 адад расидааст.
Дар ин давра номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 10 корхонаи саноатӣ ба маблағи 40 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷа содирот карда шудааст.
“Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 54 адад ё 33,5 фоизашон 54 намуд молҳои воридотивазкунанда ба маблағи 69,5 миллион сомонӣ истеҳсол кардаанд”, -қайд намудааст манбаъ.
Инчунин мақомоти шаҳри Хуҷанд зикр намуданд, ки дар шароити ташаккулёбии иқтисоди бозоргонӣ раванди иҷроиши буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият ёфта, дар натиҷа нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 104,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 96,0 миллион сомонӣ ворид шуд.
Ба буҷети маҳаллии шаҳр бошад, ба ҷои 41,3 миллион сомонии пешбинигардида, 45,3 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 11,0 миллион сомонӣ ё 32,1 дарсад афзудааст.