Сайёрабеков: собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон нафақаи хуб мегиранд

Муовини аввали роҳбари Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Валӣ Сайёрабеков дар бораи шароити зисти собиқадорон гуфт
Sputnik

Ба гуфтаи вай, соли гузашта шумораи ветеранҳо дар Тоҷикистон 340 нафарро ташкил медод, имсол ҳамагӣ 241 нафари онҳо дар қайди ҳаёт мондаанд.

Сайёрабеков: собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон нафақаи хуб мегиранд

"Бештари онҳо 90-95-солаанд. Дар ҷумҳурӣ ба ғамхориҳои зиёд фаро гирифта мешаванд. Нафақаи онҳо аз 2 то 5 ҳазор сомониро ташкил дода, аз имтиёзҳои зиёд бархурдоранд. Ҳамасола барои иштирокдорони ҶБВ дар Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои зиёд баргузор карда мешавад, тӯҳфаҳои зиёд ҳадя мегарданд. Аз ҳоли нафароне, ки роҳ гашта наметавонанд, масъулин хабар мегиранд ва тӯҳфа мебаранд", - мегӯяд вай.

Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон пештар хабар дода буд, ки дар кишвар шумораи ветеранҳо сол то сол кам мешавад.

Кумитаи собиқадорон дар вилояти Суғд эълом дошт, ки дар ҳудуди вилоят 73 иштирокдори ҷанг ба сар мебарад, ки як нафарашон зан мебошад.

Дар ҳамин ҳол, таъкид карда мешавад, ки аз ҳама собиқадори "ҷавон" 93-сол дорад ва аз ҳама бузург Раҳмонқул Иброҳимв аст, ки дар ноҳияи Фархор ба сар мебарад ва 100-сола аст.