Обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон ҳавои абноки боронӣ интизор аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо борон меборад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон щаво дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбанда шуда, рӯзона бебориш мешавад.  Ҳаво  шабона 12-14  ва рӯзона 22-24  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   ҳавои абрнок шуда,  борон меборад.    Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор  метр барф меборад.   Дар  баъзе ноҳияҳо борони  бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани  жола дар назар буда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рўзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10  ва  рўзона 13-18  дараҷа гарм мешавад.

Борон, жола, раъду барқ ва фаромадани меғ: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

Боду ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрнок шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  шарқи вилоят  боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 4-9 ва  рӯзона 14-19  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона  ҳаво 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок  шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр  барф меборад. Раъду  барқ ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 12-17  ва  рӯзона 18-23 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6  ва  рӯзона  11-16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд.  Боридани  жола низ дар назар аст.     Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  9-14   ва   рӯзона 17-22 дараҷа гарм  мешавад.