ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Барномаи даъвати баҳорӣ ба суфуфи артиши Тоҷикистон 36 дарсад иҷро шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТ рӯзи панҷшанбе.
Ориф Низомиён, раиси маркази матбуъотии вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, ки ин барнома дар ВМКБ 106 дарсад, дар устони Суғд 35 дарсад, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 36 дарсад, дар устони Хатлон 32 дарсад ва дар Душанбе 36 дарсад иҷро шуд.
Ба гуфтаи Низомиён рӯзҳои 9 ва 10 апрел дар Душанбе нишасти ҷумҳурии ҷавонони синни даъватӣ баргузор шуд. Вазорати дифоъ ва кумитаи умури ҷавонон ва варзиш ин тадбирро роҳандозӣ карданд.
Ҷавонон дар чорчӯби ин нишаст бо вазири дифоъ дидор ва аз бахшҳои низомӣ боздид карданд. Ҳамчунин нишастҳои гуногун ва тадбирҳои фарҳангӣ баргузор шуд.
Рӯзи гузашта дар чорчӯби яке аз чунин тадобир 70 тан довталаб ба суфуфи артиши кишвар пайвастанд.