Наргис аз КДАМ: Ятимов ва Раҳимзода беҳтарин кормандони оперативиро эълон карданд - акс

Дар озмуни “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” миёни кормандони мақомоти умури дохилӣ ва амнияти миллӣ Наргис Раҷабова, корманди қаторӣ аз КДАМ ҷои аввал гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, озмуни мазкур 9 апрел бо ҳузури Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷамъбаст гардид.

Дар баробари Наргис Раҷабова инчунин капитани милиса Авазҷон Саидов барандаи ҷои аввал шуда, ба ғолибон  5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Наргис аз КДАМ: Ятимов ва Раҳимзода беҳтарин кормандони оперативиро эълон карданд - акс

“Барандаҳои ҷойи дуюм - корманди КДАМ прапоршик Беҳрӯз Воситов ва корманди ВКД капитани милитсия Анушервон Зоидзода бо 4 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гаштанд. Ба соҳибони мақоми сеюм прапоршик Умаралии Файзалӣ аз КДАМ ва лейтенанти калони милитсия Довуд Сиҷоев аз ВКД 3 ҳазор сомонигӣ тақдим гардид”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД афзуд, ки ба иштирокчиёни фаъол, ба ду нафар парапоршик Турабой Давлатзода аз КДАМ ва лейтенанти милитсия Юсуф Шерализода нишони сарисинагии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон “Корманди беҳтарини оперативӣ” супорида шуд.

Наргис аз КДАМ: Ятимов ва Раҳимзода беҳтарин кормандони оперативиро эълон карданд - акс

Рамазон Раҳимзода дар ин ҳамоиш таъкид кардааст, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз самтҳои муҳими кори мақомот буда, дар давраҳои пеш вобаста ба ин самт дар ҷумҳурӣ ягон намуди адабиёту нашрияҳои махсуси алоҳида набуду мактабҳои олӣ низ дар дохили Тоҷикистон вуҷуд надошт.

“Барои тайёр намудани кадрҳо дар ин соҳа аз сохторҳои мо ба ҷумҳуриҳои дигар сафарбар мегардиданд. Хушбахтона, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа дар Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷумҳуриҳои пешқадам ба ҳисоб меравад”, - изҳор доштааст Раҳимзода.