Кӯчаи “Соҳилӣ”-и Душанбе чигуна хоҳад шуд - акс

Мақомоти меъмории Душанбе намои ояндаи кӯчаи Соҳилии пойтахтро пешниҳоди шаҳрвандон кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Мақомоти меъморӣ дар саҳифаи фейсбукияшон аксҳои намои ояндаи Душанберо пешниҳод намудааст. Ба иттилои манбаъ ин тарҳ аз буриш бо хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то маркази тиҷории “Ёвар”-ро фаро мегирад.

Манбаъ афзуд, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби корхонаи “Шаҳрофар” дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва сохтмони шаҳри Душанбе таҳия шудааст.