ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Александр Голованови 55-сола бо иттиҳоми қатли Карина Вартанова, як зани мансабдор дар пойтахти Русия боздошт шуд, хабар додааст Sputnik Арманистон бо такя ба Telegram-канал Mash.
Ба иттилои манбаъ ҷасади Вартановаи 57-сола бо зарбаҳои сершумори корд дар хиёбони Кутузови Маскав пайдо карда шуд.
Манбаъ афзуд, қотил баъди чанд рӯз зимни ҳамлаи навбатияш боздошт гардид. Ӯ дар ҳоле, ки ба муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар наздикии хиёбони Кутузовск бо корд ҳамла кардааст, дастгир шудааст.
Дар иттилои нашршуда таъкид шудааст, ки “скинхед”-и боздоштшуда қаблан барои авбошӣ низ маҳкум шудааст.
Феълан маълум нест, ки ӯ қурбониёнашро мешинохт, ё афродеро, ки ба ӯ писанд намеомадаанд, мавриди ҳамла қарор медод.
Карина Вартановаи кушташуда қаблан дар маъмурияти ноҳияҳои Крилатское ва Фили-Давидково кор мекардааст.